Як сабаби тағйирёбии босуръати қурби нақдӣ- ин бад шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон мебошад
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ омилҳои асосиеро, ки сабаби тағйирёбии босуръати қурби нақдӣ дар рӯзҳои охир шудаанд, номбар намуданд.
Аз ҷумла, раванди пурқувват шудани доллари амрикоӣ вобаста ба интизориҳо аз баланд шудани фоизи қарздиҳии Бонки марказии ИМА (ФРС) (эҳтимолан дар миёнаи моҳи декабр), бад шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон, бинобар воқеаҳои Сурия ва Туркия, пастравӣ ва ноустувории нархи нафт ва вобаста ба ин тағйирёбии аз эътидол беруни қурби асъори миллии шарики асосии тиҷоратии мо (Федератсияи Русия), омили мавсимӣ ва вобаста ба он кам шудани вориди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби кам шудани воридоти интиқоли пулии шахсони воқеӣ ва зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ, омилҳои равонӣ вобаста ба интизориҳои бад шудани вазъияти ҷаҳон, минтақа ва тағйирёбиҳои минбаъдаи қурб ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва зиёд шудани талабот ба хариди он аз ҷониби аҳолӣ сабаби ин вазъ гашта буд.
“Омили ҳаннотӣ аз ҷониби кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кӯшишҳои нигоҳ доштани даромади калони қаблан вуҷуддошта аз фарқияти қурбҳо дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши доллари нақдии ИМА, муносибат ва рафтори худи шахсони воқеӣ — фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ, аз ҷумла ба овозаю хабарҳои беасосу бардурӯғ бовар намудани шахсони воқеӣ ва саросемавор ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда мубодила кардани маблағҳои пулиашон, ки дар ниҳоят зарар мебинанд, низ сабаби тағйирёбии қурби асъор гаштааст”,-гуфт Ҷ. Нуралиев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






