Ёдбуди ҳамлаи хунини мактаби Пешовар
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Дар Покистон ҳамла ба мактаби Пешовар — хунрезтарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи кишварро қайд карданд. Қурбониёни ин ҳамлаи ваҳшиёнаи Толибон беш аз 150 нафар, асосан хонандагони мактаб мебошанд.
Маросими асосии ёдбуд дар маҳалли мактаб баргузор гардид. Дар ин маросим Сарвазири Покистон Навоз Шариф ширкат варзида, ба волидони нафарони ҳалокшуда ва ҳамсинфони зиндамондаи онҳо изҳори ҳамдардӣ намуд.
Дар робита ба солгарди ин ҳодисаи фоҷиабор дар саросари кишвар чораҳои амниятӣ пурзӯр карда шуд. Дар Пешовар атрофи мактабро низомиён иҳота карда, чархболҳои ҳарбӣ низ дар ҳавои он парвоз мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки як сол пеш, субҳи 16 декабр гурӯҳи мусаллаҳ ба бинои мактабе дар Пешовар ҳамла карда, ба тарафи талабагон ва муаллимон тир кушоданд. Ҳукумат дар робита ба ин, бар зидди ифротгароён амалиёти густурда анҷом дода, моратория ба ҳукми қатлро бекор кард. Аз он вақт инҷониб, тибқи маълумоти фаъолони ҳуқуқи башар, садҳо нафар гунаҳкорон ба терроризм қатл карда шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






