25 январ-Иди касбии кормандони ҳифзи иҷтимоӣ
Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон 25 январ ҳамчун рӯзи иди касбии кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашн, дирӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори иди касби кормандони ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат, кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат доштанд. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобоҳоҷиева зикр намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус ба табақаи ниёзманди аҳолӣ дода мешвад ва аз ин хотир маоши кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба андозаи 25% баланд бардошта мешавад. «Ин дастгириҳои Ҷаноби Олӣ моро водор месозанд, ки боз ҳам беҳтару хубтар кор кунем,”-илова намуд муовини якуми вазир.
Дар ҷаласа 15 нафар аз кормандони соҳа бо унвони сарисинагии “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ” ва фаъолони дигар бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






