Барои дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон беш аз 12 миллион ҷудо гардид
Душанбе, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми соли 2015 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3846 шаҳрванд ба андозаи 12 миллиону 111 ҳазору 824 сомонӣ, ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 78,7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд, ки ин дар муқоиса ба соли 2014, 116,5 фоизро ташкил дода, 13 нафар дар таносуб зиёд мебошад.
Дар ин давра, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ ба 625 шаҳрванди бекор ба маблағи 1 млн. 659 ҳазору 960 сомонӣ, вилояти Суғд ба 1052 нафар дар ҳаҷми 3 млн. 190 ҳазору 687 сомонӣ, вилояти Хатлон ба 984 шаҳрванди бекор ба андозаи 3 млн. 378 ҳазору 382 сомонӣ, шаҳри Душанбе ба 226 нафар ба маблағи 901 ҳазору 400 сомонӣ, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 959 шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 2 млн. 981 ҳазору 395 сомонӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.
Дар давоми соли 2015 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1 692 шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 5 миллиону 329 ҳазору 203 сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба 1192 шахси бекор ба андозаи 3 миллиону 754 ҳазору 665 сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 962 шаҳрванди бекор ба маблағи 3 миллиону 027 ҳазору 956 сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.
Аз таҳлили раванди дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор бармеояд, ки 44 фоиз ба фаъолияти истеҳсолӣ, 31 фоиз ба фаъолияти тиҷоратӣ ва 25 фоизи дигар ба фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд.
Дар ин давра ба масъалаи дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон аҳамият дода шуда, ба 1854 нафар зан дар ҳаҷми 5 млн. 837 ҳазору 899 сомонӣ ва ба 1442 ҷавон ба андозаи 4 млн. 541 ҳазору 934 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.
Дар давоми соли ҷорӣ 12 миллиону 007 ҳазору 963 сомонӣ маблағи қарзҳои имтиёзноки додашуда аз ҷониби шаҳрвандон баргардонида шуданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






