Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Январь 27, 2016 16:02

Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — 26 январи соли 2016 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 20 январи соли равон ироа гардид, бо иштироки кормандону мутахассисони соҳавӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси кумита Хайрулло Ибодзода зикр кард, ки дар Паёми роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарини соҳаи ҳифзи муҳити зист низ дарҷ ёфтаанд. Аз ҷумла, истифода аз энергияи барқароршаванда, ки солимии экологии кишвар аз он вобаста аст; ташаккули «иқтисоди сабз»; ҳифзи муҳити зист, ки он дар мадди аввал аз муносибати дилсўзонаи корхонаю ташкилот ва маърифати экологии аҳолӣ вобаста аст; мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим; коҳиши партовҳои гази карбон; истифодаи оқилонаи захираҳи об; ҳамкории байналмилалию минтақавӣ, дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об; татбиқи иқдоми нави байналмилалии Ҷаноби Олӣ «Об барои рушди устувор» ва дигар масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ доранд.
Дар вохӯрӣ доир ба масъалаи мазкур тамоми воҳидҳои сохтории кумита ва сохторҳои зертобеи он вазифадор шуданд, ки матни Паёми сарвари давлатро дар маҷлисҳои васеъ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, иҷрои чорабиниҳои кумита оид ба дастуру супоришҳои дар Паём баёнгашта аз тариқи нашрияҳои «Ҳифзи табиат» ва рўзномаи «Инсон ва табиат» ба таври васеъ тарғиб шаванд.

Январь 27, 2016 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд