Беҳбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ метавонанд Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмонро пурра тасдиқ намоянд
Душанбе, 6.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар робита ба қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҷамъомад баргузор шуд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Фирдавс Комилов зикр кард, ки Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буда, кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард. Маҳз хизматҳои шоёни ин фарзанди барӯманди миллат буд, ки дар кишварамон сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Ӯ ҳамчун Пешво тавонист Ваҳдати миллатро ба даст оварад.
«Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари ҷаҳон ҳамчун намуна омӯхта мешавад, ки он дар натиҷаи талошҳо ва ҷоннисориҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, мардуми тоҷикро ҳамчун миллати сулҳдӯсту тамаддунофар муаррифӣ намудааст. Фазои озоди сиёсӣ, мардумсолорӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ, рушду нумӯи саноат дар кишвар ва дигар беҳбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ метавонанд Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмонро пурра тасдиқ намоянд»,-иброз намуд Фирдавс Комилов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






