Беш аз 39 ҳазор нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд

Январь 6, 2016 08:56

Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Роҳбарону масъулини Маркази миллии тестӣ ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки камбудиву норасоиҳои соли қаблиро бартараф карда, дар ҳар як мактаби таҳсилоти умумӣ бо ҳар яке аз хатмкунандагон ва падару модарони онҳо машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил намоянд, масъалаҳои марбут ба ин низомро омӯзонанд ва минбаъд дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ сифати имтиҳоноти тестиро беҳтар гардонанд”. Э.Раҳмон. Аз Паёми соли 2015.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, соли таҳсили сипаригардида зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро 111 ҳазору 620 нафар хатм намуда, 73 700 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 39 672 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд.
Соли таҳсили гузашта зинаи таҳсилоти умумии асосиро 167 ҳазору 603 нафар хатм намуда, ба зинаи сеюми таҳсилот 123 ҳазору 009 нафар барои идомаи таҳсил қабул шуданд, ки 73,3 %-ро ташкил медиҳад. Агарчанде 8388 нафар таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 3676 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ идома доданд, 31 922 нафар бо сабабҳои гуногун таҳсил намекунанд.
Имсол ба синфи якум 200036 нафар қабул гардид, ки нисбат ба соли 2014 — 19686 нафар зиёд мебошад.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба таҳсил, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон ва ба оворагардию қонуншиканӣ роҳ надодани онҳо Вазорати маориф ва илм ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф барои табдили мақоми муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ба асосӣ ва муассисаҳои умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ мактуби дастурӣ ирсол намуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли таҳсили 2014-2015 23 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва 73 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ табдил дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Натиҷаи ин тадбирҳо аст, ки шумораи хонандагони аз таҳсил дурмонда аз 2630 нафари соли таҳсили 2012-2013 дар соли таҳсили 2014-2015 ба 275 нафар расидааст.
Дар натиҷаи ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҷмўъ дар ду соли охир 133 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва 159 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ табдил дода шуд, ки тадбири мазкур барои пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон мусоидат менамояд.
Ҳамасола бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҷумҳурӣ озмуни довталабони аттестати медалҳои тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор мешавад. Соли 2015 пас аз ташхиси ҳуҷҷатҳои довталабон аз 167 нафар 47 нафар ба даври аввали озмун роҳ дода шуданд. Аз санҷиши аввал, ки аз кори хаттӣ аз фанни алгебра ва иншо (аз фанни адабиёт) иборат буд, 17 нафар (7 нафар довталаби медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 4 нафар довталаби медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 5 нафар довталаби медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ, 1 нафар довталаби медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иҷрои супоришҳои тестӣ роҳ дода шуданд.

Январь 6, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад