Боздиди Р. Раҳимзода аз Маркази таълимиву фароғатии ВКД дар мавзеи «Обшорон»

Январь 14, 2016 15:20

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд аз вазъи зимистонгузаронии Маркази таълимиву фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳристон дидан кард.

Шароити зимистонаи Маркази мазкур ва машғулиятҳои мавсими зимистонаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хуб ба роҳ монда шуда, таълим дар самтҳои бехатарӣ ҳангоми хизматбарӣ, сайқал додани омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва аз худ намудани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти хизматӣ равона шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид зикр кард, ки воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ин машғулиятҳо имконият пайдо мекунанд, ки унсурҳои назариявию амалиявиро дар як вақт аз худ намуда, ҳам ба таълим ва ҳам истироҳату фароғат фаро гирифта шаванд.

 

Январь 14, 2016 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст