Чӣ бояд кард, то хушунат бартараф шавад?
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳамбастагӣ бо бахши оид ба корҳои дин, танзим, анъана ва ҷашну маросими миллӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об дар мавзӯи «Чӣ бояд кард, то хушунат бартараф шавад» вохӯрӣ гузаронид.
Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири бахш оид ба корҳои дин, раиси ҷамоат, ходимони дин, имомхатибони масҷидҳо ва аҳли ҷамоат иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки барои дар амал ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ҳар як узви оила бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Зуроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии барқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ мебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






