Дар Чин бар асари заминларза хонаҳо хароб гардиданд
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи иттилои маркази зилзиласанҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар музофоти Синхайи ин кишвар заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваст, ки шиддатнокии он 6,4 баллро ташкил дод. Дар натиҷаи заминларза 54 иншоот хароб гардида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Заминларза соати 01:13 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Мэнюани музофоти мухтори Тибет — Хайбей рух дод. Пас аз чанд дақиқа такони такрорӣ ба амал омад, ки шиддатнокии он 3,4 баллро ташкил дод. Маркази заминларза дар умқи 10 км ҷойгир буд.
Дар минтақаи Мэнюан тақрибан 150 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Ба аксарияти онҳо зарур омад, ки ба сардии 20 дараҷа нигоҳ накарда, хонаҳояшонро тарк кунанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари заминларза касе осеб надидааст.
Тибқи иттилои агентии ТАСС, ба минтақаи офатзада неруҳои полиси мардумӣ сафарбар шудаанд. Илова бар ин, ҷамъияти Салиби Сурхи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маҳалли осебдида кумаки башардӯстона равон кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






