Дар ду мавзеи ноҳияи Данғара ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд

Январь 15, 2016 08:08

Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Ба саволҳои хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ 14 январ иброз дошт, ки аз ҷониби олимони бостоншиноси Академияи илмҳо соли 2015 дар ду мавзеи ноҳияи Данғара, аз ҷумла дар Кангурттут ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд ва дастовардҳои он барои ташхис ва баҳогузории илмӣ ба Олмон интиқол ёфт. Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд.

Дар нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон директори муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ”-и АИ ҶТ, академик Собит Неъматуллоев, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Лутфулло Саидмуродов, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Зайнолобуддин Кобулиев посух доданд.

Дар нишасти матбуотӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ, забон, адабиёт, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт масъалаи тайёр кардани кадрҳо илмӣ, дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сеисмология, гидроэнергетика, ташкил намудани сохторҳои нави илмӣ дар АИ ҶТ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Дар охири нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аз рӯзноманигорон даъват кард, ки ба муассисаҳои илмии АИ ҶТ ташриф оварда, оид ба фаъолияти онҳо суҳбату гузоришҳо дар матбуот ва радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ таҳия намоянд ва дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа саҳм бигиранд.

 

Январь 15, 2016 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид