Дар ноҳияи Айнӣ 10 кг героин мусодира гардид
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Мутобиқи нақшаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва ВКД ҶТ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои интиқоли маводи нашъаовар дар шоҳроҳҳои асосии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои сайёр бо истифода аз сагҳои хизматӣ ташкил шуданд. Зимни хизмат дар дидбонгоҳи БДА-и ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд, ки қаблан барои пинҳон доштани ҷиноят суд шуда буд, боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили чархи эҳтиётӣ, ки дар бағоҷи мошин қарор дошт, 10 бастаи селофанпеч бо маводи хокамонанди зардчатоб дарёфт шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД вилояти Суғд маводи дарёфтшуда героин буда, вазни холиси он 9 кг 915 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд






