Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тошканд меравад
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон омодагии аввали худро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи феврал дар Узбекистон мегузаранд, ба анҷом расонд. Сармураббии даста Ҳусейн Шодиев 17 бозингарро аз назар гузаронид ва акнун 14 нафари онҳо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 10 то 23-феврал дар Узбекистон баргузор мешаванд, сафар мекунанд. Ба ин ҳайат 3 дарвозабон ва 11 бозингар шомил шудаанд. Назар ба бозиҳои интихобӣ дар ҳайати даста дигаргуниҳо ба чашм мерасанд. Шерзод Ҷумъаев, Ораз Ализода, Фирдавс Тусматов ва Умедҷон Мирзораҳимов, ки дар бозиҳои интихобӣ дар ҳайати даста бозӣ мекарданд, дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок намекунанд. Умедҷон Мирзораҳимов бо сабаби осеб доштанаш имкони ширкат дар мусобиқаро аз даст додааст. Пеш аз оғози мусобиқот дар назар аст аъзои дастаи футзали кишварамон бо тими мунтахаби Узбекистон ду бозии таҷрибавӣ барпо кунанд.
Ёдрас мешавем, ки футзалистони мо дар гурӯҳи С бо дастаҳои муттахаби Таиланд, Ветнам ва Тайбейи Чин бо ҳам рақобат менамоянд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






