ДТТ қабули довталабонро ба докторантура аз рӯи 7 ихтисоси доктори PHD дар соли 2016 ба нақша гирифтааст
Душанбе, 14.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 1-уми сентябри соли 2016 қабули довталабонро ба докторантура аз рӯи 7 ихтисоси доктори PHD ба нақша гирад»,-иброз намуд ректори ин донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи иттилои ректор дар донишгоҳ инчунин Маркази таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки дар замимаи он донишҷӯён метавонанд дар баробари таҳсил дар Тоҷикистон тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол, Ровнои Украина ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Русия таҳсил намоянд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин таълимгоҳи олии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар сохтори он Маркази ҳамоҳангсозии таҳсилот ба забони хориҷӣ оид ба модели аврупоии таҳсилот таъсис дода шуд. Дар заминаи он гурӯҳҳои академии таълимаш ба забони англисӣ таъсис дода шудаанд.
Бо мақсади ҷалби омӯзгорони соҳибкасб барои бурдани дарсҳои тахассусӣ дар доираи ҳамкориҳои ДТТ бо Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодаи табиат аз шаҳри Ровнои Украина ду олими ботаҷриба Н.Б. Савина ва О.Н. Степанченко даъват шуда, аз рӯи фанҳои “Усулҳо ва моделҳои математикӣ дар иқтисодиёт” ва “Технологияҳои мултимедиявӣ” ба донишҷӯён дар муддати 10 рӯз дарс гузаштанд. Инчунин қарордод оид ба навиштани китобҳои муштараки дарсӣ қабул шуд.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






