Дурнамои Агентии таъминоти амволи махсус барои соли 2016
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маводи хӯрокворӣ, либоси низомӣ, пойафзолу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.
Дар ҷаласаи Агентии таъминоти амволи махсус, пеш аз ҳама, таъминоти ҷузъу томҳои сохторҳои низомии мамлакат дар соли 2015 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, нақшаву дурнамои он барои соли 2016 ҳамаҷониба баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ғайр аз меъёри муқарраргардидае, ки барои таъминоти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо пешбинӣ шудааст, иловатан ҳамасола новобаста аз баргузории иду ҷашнҳо барои таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва дигар маводи хӯрокворӣ тадбирҳои лозимиро роҳандозӣ менамояд.
Зимни баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ зикр шуд, ки Агентии таъминоти амволи махсус дар тобеияти худ корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонро доро мебошад ва дар онҳо асосан маҳсулоти кишоварзӣ кишт шуда, чорводориву паррандапарварӣ, мурғ ва моҳипарварӣ рушд мекунад.
Тавре ки зикр ёфт, бо ташкили корхонаи дӯзандагӣ, ки наздики 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, масъулини агентӣ азм доранд миқдори муайяни таъминоти либосро барои хизматчиёни ҳарбӣ дар ин корхона ба роҳ монанд. Дар ҷаласа, инчунин вобаста ба сифати истеҳсоли пойафзол, либос ва дигар маҳсулот мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






