Ф.Ашурматов: Паём — дурнамои имрӯзу фардои кишвар

Январь 22, 2016 08:27

Хуҷанд, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мардуми Суғдзамин  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар хуш истиқбол гирифта, онро чун сармашқ ва раҳнамо барои рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ менамоянд.  Оид ба бардошти  худ аз Паёми имсолаи Президенти кишвар раиси дафтари бахши суғдии Кумитаи Имдод имом Хумайнии ҶИЭ дар Тоҷикистон Фирдавс Ашурматов ба хабарнигори АМИТ “Ховар”  чунин иброз намуд:

-Воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатие, ки 20 январ манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои солҳои ахири мамлакат ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.

Ман чун як фарди кишварамон, Паёми имсолааи Сарвари давлатро бо  хушнудӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои худ дарёфт намудам. Воқеан ҳам, Пешвои миллат дар баромади худ нуктаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро баён намуданд.  Аз ҷумла, дар самти некуаҳволии мардум ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон чанд пешниҳод  ироа гардид, ки  гувоҳи дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  оид ба саъю талош доштан барои таъсис ва таъмини аҳолӣ бо  ҷойҳои нави корӣ мебошад.   Дар паём хосатан таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон, масъулини мақомоти маҳаллӣ  бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо баҳри фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, барои таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин дар баробари ин, мебояд барои васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ба ин васила, инчунин сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ боз ҳам баланд бардошта шаванд, ки ин иқдом боиси қабул ва дастгирии ҳамагон аст.  Ин амр боиси соҳибтахассус шудани ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии онон мегардад.

Дар Паёми мазкур аз ҷониби Пешвои миллат зикр шуд, ки дар соли 2015 дар марказҳои омӯзишӣ беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтанд ва ин амр боиси ба бозори меҳнатии дохиливу хориҷӣ омода шудани мутахассисони нав гардид. Вобаста ба ин нишондиҳандаҳо, дар соли сипаригашта дар миқёси вилояти Суғд дар маҷмӯъ 57,2 ҳазор ҷойи кор ташкил шуда, танҳо дар ду соли охир теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 72,6 ҳазор нафар кам гардид.

Роҷеъ ба эҳёи  меҳнати хонагӣ ва ҳунарҳои дастии аҷдодии қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва сӯзанидӯзӣ низ корхои назаррасе ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, ҳоло дар миқёси вилоят 136 маркази таълимию истеҳсолӣ  ташкил ва дар онҳо 379 дастгоҳи адрасу атласбофӣ насб гардида, теъдоди ҳунармандони адрасу атласбоф дар ин марказҳо 167 нафар ва шогирдони ба онҳо вобастагардида 1040 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзонидани мактаббачагон ба касбу ҳунарҳои миллӣ дар   назди  муассисаҳо 874 синфхонаи таълимии хӯрокпазӣ, 182  маҳфили сӯзанидӯзӣ, 237 маҳфили қолинбофӣ бо теъдоди 958 дастгоҳи қолинбофӣ ташкил шуданд.

Аз ин лиҳоз итминони комил дорам, ки ҷавонони кишварамон аз Паёми Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои худ бардошти хуб мекунанд ва бо истифода аз шароити хуби фароҳамовардашуда соҳибкасбу соҳибхунар мегарданд, зеро маҳз касбомӯзӣ метавонад шароити зиндагии оилавиро беҳтар намояд ва  аз корҳои бад ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна роҳҳои ғайриқонунӣ   эмин нигоҳ дорад.

Таҳияи Абдуаҳад Шарифзода, АМИТ “Ховар”, Суғд

Январь 22, 2016 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд