Гумрук: Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли 2015 17,9% коҳиш ёфтааст
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 3 434,9 млн. доллар ба воридот ва 891,3 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот 863,1 млн. доллар, яъне 79,9% ва содирот 79,4 млн. доллар кам гардида, 91,8%-ро ташкил додааст. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Дар содирот вазни қиёсии асосиро алюминии аввалия, нахи пахта, маъданҳо ва консентратҳо, маҳсулоти меваю сабзавот, пӯст ва дар воридот мавқеи асосиро маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, оксиди алюминӣ (глинозем), чӯбу тахта, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гандум, равғани растанӣ, шакар, орд, нуриҳои минералӣ ва семент ташкил медиҳанд.
Дар ин давра тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 2 045,1 млн. доллар ё 47,3% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба маблағи 380,7 млн. доллар ё 15,7% кам гардидааст. Аз ин маблағ 226,7 млн. доллар ба содирот ва 1 818,4 млн. доллар ба воридот мансуб аст.
Дар умум ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 28,7%, Швейтсария 23,1%, Қазоқистон 16,4%, Эрон 6,7%, Русия 6,4%, Афғонистон 6,4%, ва Покистон 2,6% марбут мебошад.
Воридоти асосии мол ба мамлакатҳои Русия 30,5%, Чин 22,2%, Қазоқистон- 16,2%, Туркия 3,9%, Эрон 3,6%, Туркманистон 3,1%, Швейтсария 3,1%, Литва 2,4%, Покистон 1,2% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,2% рост меояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% коҳиш ёфтааст.








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






