Хуҷанд: Бинои Арт-галереяи давлатии «Сомониён» навсозӣ мешавад
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Бинои Арт галереяи давлатии «Сомониён» -и шаҳри Хуҷанд иншооти таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, бунёди он ба асри 18-19 тааллуқ дорад.
Дар қисми бино намоишгоҳи асарҳои рассомони вилоят гузошта шуда, қисми дигари он аз ҳуҷраҳои гуногун ва ҳаммоми қадима иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз ҳолати имрӯзаи бинои мазкур гуфт, ки тибқи дастури раиси вилояти Суғд қисме аз ин бино ба чойхона табдил ва барои фаъолияти он шароит фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки вобаста аз вазъи бино ва ҳуҷраҳои он қисми иншоот барои истифодаи умум қарор гирад, қисми дигарро ба макони таърихию этнографӣ табдил дода, барои баланд бардоштани маърифати мардум таърихшиносии онҳо ва муаррифии таъриху анъанаҳои мардумӣ ба сайёҳон истифода бурдан ба манфиати кор аст.
Бо ин мақсад коршиносон ва мутахассисон вазъи имрӯзаи бинои мазкурро таҳлилу баррасӣ намуда, нақшаи корҳои барқарорсозӣ, тармим ва навсозиро ба анҷом мерасонанд. Барои анҷоми ин корҳо Раҷаббой Аҳмадзода ба мутахассисон ва масъулин то 1 феврали соли равон муҳлат муқаррар намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки дар ҳудуди ин бино доир ба ташкил намудани «Растаи ҳунармандону эҷодкорон» лоиҳаҳо пешниҳод гардида, бобати чароғонкунӣ ва ободкории мавзеи атроф тадбирҳои мушаххас андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






