Хушбахтӣ аз оила сарчашма мегирад
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷаласаи ҳисоботии бахши кор бо занон ва оила, инчунин бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2015 бо иштироки муовини раиси шаҳр А.Шарифзода, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, занони фаъоли кумитаи маҳаллаҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор шуд.
Мудири бахши кор бо занон ва оила Наргиза Раззоқова ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Назира Раҳимова доир ба фаъолияти бахшҳо дар соли сипаригардида сухан гуфтанд.
Муовини раиси шаҳр доир ба пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти кор бо занон ва оила, сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ, инчунин оид ба манъи никоҳи хешутаборӣ, ҳатмӣ будани муоинаи тиббии навхонадорон, масъулияти модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ҳарф зада, ба масъулин бобати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дастур дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






