Имсол 300 донишҷӯи ДТТ дар муассисаҳои таълимии ФР аз ҳисоби маблағгузории буҷети ин кишвар қабул мешаванд
Душанбе, 14.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Дар асоси шартномаҳои ҳамкории бо силсилаи муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия баимзорасида дар назар аст, ки соли ҷорӣ зиёда аз 300 нафар донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногуни техникию технологӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия аз ҳисоби маблағгузории буҷети ин кишвар қабул шаванд», иттилоъ дод, зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот.
Ректори донишгоҳ ба хабарнигорони ВАО зикр намуд, ки дар айни ҳол зиёда аз 1200 нафар донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав, Рябинск, Иваново, Кострома, Ярославл ва Воронежи ин кишвар таҳсил карда истодаанд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо зиёда аз 60 таълимгоҳи хориҷӣ ба роҳ мондааст. Дар раванди ин ҳамкориҳо дар донишгоҳ ду факултети муштараки тоҷикӣ-русиягӣ ва тоҷикӣ-украинӣ фаъолият дорад, ки барномаҳои гуногуни зинавии ихтисосҳои мухталифро бо таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар дар амал ҷорӣ намуда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






