Кумаки ширкати «Билайн» ба зарардидагони вилояти Бадахшон

Январь 6, 2016 14:09

Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -ҶДММ «Таком» натиҷаҳои SMS-иқдоми хайриявиашро оид ба ҷамъоварии маблағ барои осебдидагон аз офатҳои табиӣ ҷамъбаст кард.
Хотиррасон мекунем, ки 7 декабри соли 2015 дар натиҷаи заминларза дар вилояти Бадахшон наздики 500 хона вайрон шуда, даҳҳо оила бе хона монданд. Beeline барои дастгирӣ кардани аҳолии зарардида ташаббусҳоро амалӣ кард. Барои ҷамъоварии маблағ рақами кӯтоҳи 5555 кушода шуд, ки дар давраи аз 9 то 31 декабр ба суратҳисоб як миқдор маблағ ворид шуд. Ширкати Beeline маводи ниёзи аввалиндараҷаро бо инобати дархост ва машварати ташкилоти башардӯстонаи байналмилалии Фокус, ки бевосита дар ҷойи садама кор мекунад, харид намуд. Маҳсулоти харида ба осебдидагон расонида шуда, ҳоло дар байни онҳо тақсим мешаванд.
Ғайр аз рақами кӯтоҳ Beeline нуқтаҳои ҷамъоварии либоси гарм ва маводи ниёзи аввалиндараҷаро дар ҳуҷраҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе ташкил кард. Ба ҳисоби умумӣ анқариб 300 кг ёрӣ ҷамъоварӣ шуд, ки он низ ба Хоруғ бо мақсади тақсимсозии минбаъда, аз ҷумла дар байни зарардидагони кӯчонидашуда равона шуд.

Январь 6, 2016 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст