Мукофотонии ҶДММ «Империя 55»
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — 9 январи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ «Империя 55», аввалин ширкати миллие, ки тамғаи молии худ- «iam different»-ро берун аз кишвар аз тариқи низоми Мадрид дар якчанд давлатҳои дунё ба қайд гирифтааст, бо “Ифтихорнома” ва мукофотпулии муассиса сарфароз гардонида шуд.
Маросим дар доираи семинар-тренинг дар мавзўи «Интернет маркетинг: Ба пеш, ба сўи оянда», ки бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур соҳибкорони ҷавон ва намояндагони ширкатҳои ватанӣ иштирок варзиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






