Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо сафири Туркия
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Аҳмад Осим Арар вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Аҳмад Осим Арарро ба муносибати Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул муваффақиятҳо таманно кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории васеи дуҷониба дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва ҷиноӣ аз 6-уми майи соли 1996 амалӣ мешаванд.
Ҳамкории ду вазорат дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ ва ҷиноятҳои муташаккил аз 7-уми ноябри соли 2011 рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодаанд.
Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Аҳмад Осим Арар изҳор дошт, ки робита ва ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монда шуда, дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои фаромиллӣ дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ мубориза бурда мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






