«Охирин сухани Айлон чӣ буд?»
Душанбе, 03.01.2016. (АМИТ «Ховар»). —
Суруди сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов дар бораи муҳоҷиркӯдаки сесолаи курдӣ бо номи Айлон, ки дар баҳр ғарқ шуда буд, дар як фурсати кӯтоҳ мухлисони зиёд пайдо намуд.
Бояд гуфт матни сурудро шоир Озарахш навишта, мусиқии онро Даврон Раҳматзод эҷод намудааст. Ҷонибек оид ба ин суруди худ зимни мусоҳибаи матбуотӣ бо хабарнигори «Фараж» гуфтааст: «Вақте номи Айлонро ба забон меорӣ, пеши чашмон ҷасади беҷони кӯдаки сеюнимсола намудор мегардад, ки беҳаракат ва бо чашмони бози аз дунё носер, дар соҳили баҳр якпаҳлӯ хоб аст. Марги ин тифли бегуноҳ дунёро ба ларза овард, Аврупоро ба по хезонд. Марги Айлон — ин хати батлонест рӯи ҷабҳаи ҷангҷӯён. Ин кӯдаки курдӣ мехост аз коми ҷанг раҳо ёбад, мехост зинда бимонад ва мисли дигар кӯдакон бозӣ кунад. Ӯ мисли бачаҳои мо озод набуд, хандаи беғам намезад, аммо мехост, ки ақаллан мисли нисфи бачаҳои мамолики соҳибистиқлол зиндагӣ кунад, дигар ба гӯшаш овози тиру туфанг наояд. Ӯ мехост, ки овози булбулро бишнавад, чашмонаш ба ҷои дуди ҷанг ва ҷӯйи хун ҳавои софу беғубор ва хандаи модарашро бинад. Аммо ҷанг ба Айлон имкон надод, ки дили орзупарвари кӯдаконаашро лабрези фараҳу шодӣ намояд. Ҷанги хонумонсӯзи бераҳм орзуҳои ӯро якумрӣ дар лаби баҳри Эген гузошт. Акнун ҷаҳониён дар лаби он баҳр меистанд ва суолҳо ба сари якояки мо меоянд: Охирин сухани Айлон чӣ буд? Чашмони интизори ӯ киро дидан мехост? Лабони ташнаи ӯ аз кадом об нӯшидан мехост? Ишками гуруснаи ӯ кадом таомро мехост? Инҳо суолҳое ҳастанд беҷавоб…».
Хотиррасон бояд шуд, ки моҳи сентябри соли гузашта оби баҳр ҷасади беҷони муҳоҷиркӯдаки сесолаи курдиро бо номи Айлон ба соҳил бароварда буд. Марги муҳоҷиркӯдаки курдӣ, ки мехост ҳамроҳ бо аҳли хонадони худ аз Сурияи ҷангзада ба макони амну осоишта фирор кунанд, садҳо ҳазор одамони солимақли сайёраро такон дод. Тавре ки падари Айлон нақл кард, вақте оби баҳр заврақи онҳоро чаппа кард ӯ натавонист зану фарзандонашро наҷот диҳад. Дар он фоҷиаи шум, ки моҳи сентябр ба амал омада буд ҳамроҳ бо Айлон ҳамчунин модари ӯ ва бародари панҷсолааш низ ба ҳалокат расиданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






