Р. Ҳакимзода: «Шумораи пасандозгузорони «Амонатбонк» 303 ҳазор нафар зиёд шуд»

Январь 20, 2016 09:23

Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Соли 2015 шумораи пасандозгузорон нисбат ба соли 2014 303 ҳазор нафар зиёд шуда, ба зиёда аз 1 млн. нафар расидааст. Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бонк дар соли ҳисоботӣ 1,8 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2014 47% афзоиш ёфтааст». Ин нуктаро Ҳакимзода Руҳулло, раиси раёсати БДА «Амонатбонк» дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Тибқи иттилои раиси раёсати БДА «Амонатбонк» ҳиссаи пасандозҳои аҳолӣ дар бонк 61,5%-и ҳамаи пасандозҳои ҷалбгардидаро ташкил менамояд. Бақияи пасандозҳои муҳлатнок нисбат ба соли 2014 213 млн. сомонӣ, ё 35% зиёд шуда, ба 815,9 млн.сомонӣ расонида шудааст.
Фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда дар соли 2015 маблағи 101 млн. сомониро ташкил менамоянд, ки нисбат ба соли 2014 30% зиёд мебошанд. Ин, албатта, ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некуаҳволии онҳо, ки умдатарин ҳадафи бонк мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Январь 20, 2016 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад