Роҳандозии корҳои назоратии истифодаи самараноку мақсадноки замин

Январь 18, 2016 10:25

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар соли 2015 аз рўи нақшаи корӣ фаъолият намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Президенти кишвар, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, иҷроиши онро таъмин намуд»,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ Ятимзода Акбар.

Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки кумита дар давраи ҳисоботӣ корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, корҳои баҳои замин, корҳои тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоти кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои назоратии истифодаи самараноку мақсадноки замин, корҳои топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, корҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод.

Январь 18, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад