Шаҳрвандони аз ҷониби Эрон озодшудаи ИМА аз Теҳрон рафтанд
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи якшанбе чор нафар амрикоиҳои аз ҷониби ҳукуматдорони Эрон озодшуда, аз ҷумла хабарнигори рӯзномаи Washington Post Ҷейсон Резаян аз кишвар рафтанд, хабар медиҳад Агентии Рейтер. Шаҳрвандони ИМА ҳамроҳи пайвандонашон дар тайёраи ширкати ҳавопаймоии Швейтсария сӯи шаҳри Берн парвоз карданд.
Мувофиқи маълумоти рӯзномаи Washington Post, собиқ асиронро аз Швейтсария ба пойгоҳи низомии ИМА воқеъ дар Олмон бурда, табибон онҳоро муоина мекунанд.
Қаблан ИМА ва Эрон дар бораи табодули маҳбусон хабар дода буданд. Эрон чор нафар маҳбусони ИМА — хабарнигор Ҷейсон Резаян, рӯҳонӣ Сайёд Абединӣ, хидматчии ҳарбӣ Амир Ҳикматӣ, ҳамчунин Нусратулло Хисравиро озод намуда, аз озод кардани як нафар донишҷӯи амрикоӣ, ки якчанд моҳ пештар дар Теҳрон дастгир шуда буд, хабар дод.
ИМА ҳафт нафар эрониҳоеро озод намуд, ки шаш нафарашон ду табааи шаҳрвандӣ доранд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин дархостро дар мавриди дастгиршудагон лағв намуда, айбномаҳоро дар ҳаққи 14 нафар эрониён бекор кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






