Таъмини 768 нафар бо кори доимӣ тавассути агентии шуғли аҳолӣ
Б.Ғафуров, 16.01.2016. ( АМИТ “Ховар”).- Барои таъмини аҳолии ноҳия дар давоми соли гузашта аз ҷониби бахши Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар миқёси ноҳия 15 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ доир гардид.
Тавре ки масъулин аз мақомоти маҳаллии ноҳия иттилоъ доданд, тибқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар соли 2015” дар ноҳия таъсиси 7390 ҷои корӣ пешбинӣ гардида, дар асл 7393 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, 15 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ гузаронида шуданд.
Илова бар ин аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 370 ҷавон ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуда, аз ҳисоби бекорони дар қайд буда 768 нафар бо корҳои доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра ба 56 корҷӯй барои ташкили корҳои фардӣ қарзҳои хурди имтиёзноки бефоиз дода шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






