9,5 кило маводи мухаддир дар Панҷакент дарёфт ва мусодира шуд
Душанбе, 07.02.2016 (АМИТ «Ховар») – Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони КДАМ дар вилояти Суғд аз манзили истиқоматии сокини ноҳияи Панҷакент «Т.У.» маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дар ҳаҷми 9,5 кило дарёфт ва мусодира гардид. Дар ин бора аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, қайд карда шуд, ки: «сокини н.Панҷакент «Т.У» тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон «Б.А.К» ва «Б.Ғ.Р» — сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ба ивази маблағи муайян ин миқдор маводи мухаддирро тавассути деҳаи Чепӣ, н. Ургути Ҷумҳурии Ўзбекистон ба қоҷокчиёни ин кишвар бояд месупориданд». Дар натиҷаи амалӣ кардани чорабинии махсуси фаврӣ пеши роҳи ин ҷинояти вазнин гирифта шуд. Ҳоло нисбат ба шаҳрвандон «Б.Ф», «Б.Ғ» ва «Т.У» бо дастрасии моддаҳои 32, 289 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






