Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ

Февраль 8, 2016 14:33

Душанбе, 8.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Асри 21- ро замони рушди техникаву технология, фарҳангу санъат, илму маориф ва дигар соҳоти ҷамъиятӣ гӯянд ҳам, дар баробари он метавон асри ғасби ошкорову ғайриошкорои сарзаминҳои нав, дастрасӣ ба сарватҳои нави табиӣ, пайдо кардани маъхазҳои нави даромади абарқудратҳо, кашфи сайёраву ситораҳои нав ва боз чандин чизҳои дигар низ гуфтан мумкин аст.
Азбаски кишвари мо ҳам ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, наметавонад аз таҳаввулоту ҷараёнҳои ҷаҳон канорагирӣ намояд. Ин аст, ки маҷрои рушди зиндагӣ моро оҳиста-оҳиста вориди дунёи сармоядорӣ ва ҷараёнҳои ҷаҳонӣ мебарад. Дунёе, ки дар он аз мо ҳушёриву зиракӣ тақозо мешавад, то ки фирефтаи иғвоҳо нашуда, миллат ва фарҳанги аз қадим омадаи худро эмин нигоҳ дорем. Дар замоне ки бархурди тамаддунҳо ба авҷи аълояш расида, тамоюли ҷаҳонишавӣ бо суръати тез ҳаракат дорад, нақши идеология, ки фарҳанг ҷузъи он аст, дар рушди ҷомеа басо муҳим буда, огоҳсозии ҷомеа аз таъсири манфии ин ҷараёни ҷаҳонӣ вазифаи ҷонии ҳар як фарди меҳанпарасту фарҳангпарвару миллатдӯст маҳсуб мешавад.
Рушди ҷомеа ва воридшавии фарҳанги бегона ба зиндагии мо таъсири ҷаҳонишавии ҷомеа аст, ки мавҷи он дунёро фаро гирифтааст. Ин ҷараёни айёму замона, ки бо номи ҷаҳонишавӣ вирди забонҳост, моли имрӯза набуда, таърихи пайдоиши худро дорад, ки аз қарнҳои гузашта маншаъ гирифтааст. Ҷаҳонишавӣ ин ҷараёни омехташавии иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва дин буда, дар аввали пайдоишаш он ба маънии рушди тиҷорат фаҳмида мешуд, аз ин ҷост, ки ҳамчун истилоҳ дар забон онро аввалин маротиба Карл Маркс дар мактуби худ ба Фридрих Энгелс охири соли 1850 ёдовар шуд. Ӯ навишта буд: «Акнун бозори ҷаҳонӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Бо шомил шудани Калифорниё ва Ҷопон ба бозори ҷаҳонӣ ҷаҳонишавӣ ба вуқуъ омад». Пасон, ҷаҳонишавӣ тамоми соҳоти зиндагиро дар бар гирифт ва бо суръат пеш рафт. Дар замони мо бо истифода аз технологияи муосир суръати он боз ҳам баландтар гардид. Акнун зери мафҳуми «ҷаҳонишавӣ» кишварҳои абарқудрат манофеи худро хеле моҳирона, ба «иззати нафси касе нарасида» пиёда месозанд.
Баъди эъломи «бозсозӣ» дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ майдони васеи назорати «оҳанин»-и режими Кремл заифтар гардид, ки дигар кишварҳои абарқудрат аз он истифода карда, кӯшиши роҳандозии идеологияи худ дар ин минтақаи як замон пӯшидаро тезонид ва онро «ҷаҳонишавӣ» ном ниҳоданд. Бар ин васила, созмону ташкилоти ба ном «кумакрасон»-и зиёде дарҳои худро боз карданд, ки ин ҷараёнро суръат бахшид. Ва аввалин зарба ба тағйири идеология он буд, ки аввал ба шикасти иқтисодӣ ва пасон ба шикасти сиёсии Шӯравӣ оварда расонд. Ин яке аз роҳҳои татбиқи тактикаҳои стратегияи бузурги «ҳукумати ҷаҳонист», ки ҷаҳони сармоя нақшаи онро ҳанӯз асрҳои гузашта кашида буд ва роҳандозии он ҳамон вақтҳо шурӯъ шуд.
Дар мавриди «ҳукумати ҷаҳонӣ» ақидаҳо гуногунанд. Вале асосгузорони он бисёр ҳам махфиёна амал карда, дар масири расидагӣ ба марому мақсади худ аз роҳҳои мухталиф истифода мебаранд. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мақсадҳо лозим аст, ки ба таърихи дусад соли охир назар афканем. Замоне, ки инқилоби Фаронса рух дод, он ба оянда чӣ таъсире гузошт? Ҳар он чизе, ки баъдан ба ҷаҳон таъсир кард, натиҷаи ҳамон инқилобе шуд, ки мавҷи он ҳамчун ҷаҳонишавӣ то ба ҳол дар сар то сари дунё таъсир мерасонад. Ҷои пинҳон ҳам нест, ки барқарор намудани «Қоидаҳои нави дунё» ё «Ҳукумати ҷаҳонӣ» ин яке аз мақсадҳои муҳими ҷаҳонишавӣ буда, он бо тарзу роҳҳои гуногун амалӣ мегардад. Ва ин аҳдофро созмонҳои махфӣ ҳанӯз дар асри XVIII тарҳрезӣ карда буданд. Барои мисол мешавад аз Орден (ташкилот)-и иллюминатҳои Олмон ёдовар шуд. Онро руҳонӣ, профессори улуми дини Донишгоҳи шаҳрчаи Инголштадти Бавария Адам Вейсгаупт 1-майи соли 1777 таъсис дод ва номи хубе ҳам ба он гузошт, яъне «Маромҳои хайр».
Вейсгаупт мутмаин буд, ки ҷомеаи одамӣ пурра тағйир меёбад. Ӯ ба ҳамақидаҳояш хитоб карда гуфта буд: «Дар хотир дошта бошед, ҳадаф арзандаи ҳар он чизест, ки барояш сарф мегардад. Барои расидагӣ ба «хайр» шахси хирадманд муваззаф аст, ҳар он чизеро, ки ба бадбахтӣ мебарад, истифода кунад». Мароми созмони онҳо расидагӣ гӯё ба «хайр» аст, ки дар роҳи он аз куштор, ғоратгарӣ, ҷангу инқилобҳо ва муташанниҷсозии ҷомеа истифода мешавад. Тибқи ақидаи Вейсгаупт, мушкилоти умда дар роҳи рушди инсоният- ин тақсимоти миллии ҷаҳон аст. Ӯ навишта буд: «Бо пайдоиши миллату халқиятҳо ҷаҳон аз рушд ҳамчун оилаи калон бозмонд… Миллатчигӣ ҷои муҳаббати умумибашариро гирифт». Барои ба «муҳаббати умумибашарӣ» баргаштан муҳим аст, ки давлатҳои миллӣ ва ҳукуматҳои онҳоро нобуд кард ва ба ҷои онҳо ҳукумати ҷаҳонӣ таъсис дод, ки иллюминатҳо онро назорат кунанд… «Қаламравҳо ва миллатҳо аз рӯи замин нобуд мешаванд ва қавми одамизод ба як оилаи бузург табдил меёбад». Ва баъд, созмони онҳо ҳомии ягонаи ҷаҳон гашта, ҳар як узви он амир мегардад. Вале ин маром бояд махфӣ ва пушти ҳафт қулф бошад, мисле, ки худи Орден ҳаст. «Қувваи бузурги Ордени мо ин махфияти он аст. Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой нагузоред, ки он бо исми худ баромад намояд. Он ҳамеша бояд таҳти номҳои гуногун ва фаъолиятҳои мухталиф амал намояд»,- навишта буд Вейсгаупт ва бо ҳамин мақсад фаъолияти густурдаеро дар ҳамин масир шурӯъ кард. Кори аввалини онҳо- нобуд сохтани калисои масеҳиён гардид, ки монеаи бузурге дар пиёда намудани мақсадҳои олии онҳо буд. Яъне ба ҷои масеҳӣ- дини ақлро амалӣ намуданд, ки дар асри XIX ҳамчун «Ҷумҳурии демократии иҷтимоии ҷаҳонӣ» ёд шуда, имрӯз «Ҷомеаи олии глобалӣ» ном гирифтааст.
Дар роҳи амалӣ гардидани ин маромҳо баъдан боз созмону ташкилоти дигар, ба мисли «Мизи мудаввар»-и Сэсил Родс, «Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ»-и бонкдор Морган, Клуби Билдербег ва ғайраҳоро метавон ном гирифт, ки ба он ашхоси шинохтаи Амрико, Канада, Олмон, Африқои Ҷанубӣ ва Австралия аъзо буданд. Ташкилоти созмондодаи махфии Сэсил Род «Мизи мудаввар» дар охири асри XIX ва аввали асри XX барои таҳти назорати худ даровардани иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги баъзе кишварҳо кӯшиш кард ва ба он муваффақ ҳам гардид. Дар ин масир аз таблиғи шаклҳои гуногуни санъату фарҳанг, намудҳои мухталифи жанрҳои мусиқӣ, муд, тарзи рафтору гуфтор, динҳо ва ҳоказо истифода мешавад. Ҷавононе, ки донишу саводи хуб надоранд ё ҷаҳонбинии маҳдуд доранд, зуд пойбанди ин таблиғот мегарданд ва дар зиндагии худ аз он истифода мебаранд. Ва дар ин ҳол ҷаҳонишавии фарҳангро аз фарҳанги империалистӣ фарқ кардан лозим аст, ки ҳадафаш аз бузургманишии кишварҳои тараққикарда ва зӯран бор кардани арзишҳои худ бар дӯши кишварҳои иқтисодашон заиф аст.
Албатта, дар баробари таъсири манфӣ доштани ҷаҳонишавии фарҳанг, инчунин он ҷиҳати мусбат ҳам дорад. Яъне, ошноӣ пайдо намудан бо фарҳанги дигарон ва аз он чизи хубу мувофиқро, ки ба анъана ва суннатҳои миллии мо наздиканд, қабул намудаву дар рушди фарҳанги худ истифода бурдан. Чунки сарчашмаи рушди устувори миллат аз рангорангии фарҳанги он маншаъ мегирад. Барои ҳамин чизи зиёдеро аз атрофиён бояд омӯхт ва роҳи дурусту устувори фарҳанги худро муайян кард. Дар ин мавзӯъ моҳи сентябри соли 2000 сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо «Декларатсияи ҳазорсолаи СММ»-ро қабул карданд, ки вазифаи асосии он таъмин намудани роҳи мусбати ҷаҳонишавӣ барои ҳамаи халқҳои дунё буд. Аз он хотир, ки дар ҳоли ҳозир шаҳди меваҳои ин ҷараёнро танҳо кишварҳое мечашанд, ки дар рақобати ҷаҳонӣ истодагарӣ мекунанд, яъне кишварҳои пешрафтаи Ғарб.
Аз ин рӯ, дар ин марҳилаи муҳими воридшавӣ ба дунёи рақобати сармоядорӣ ва ҷаҳонишавии тамаддунҳо, интихоби дурусти роҳи ояндаи миллат ва фарҳанг аз мо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд. Имрӯз дар баробари эҳёи иқтисоди кишвар, эҳёи фарҳанги миллат низ барои рушди мукаммали ҷомеа нақши муҳим мебозад, чунки фарҳанг ҳастии мост, он чизест ки моро ҳамчун миллат ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Натиҷаи ғамхории Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тӯли солҳои Истиқлолият фарҳанги мо дубора ҷон гирифт ва имрӯз муаррифгари миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Вазифаи мо ҳифзи фарҳанг аз таъсири бади фарҳанги бегона аст, ки метавонад ин дороии маънавии моро ба нестӣ барад. Миллате, ки тӯли таърихи дуру дарозаш аз дороии доштааш танҳо забону фарҳангаш боқӣ мондааст, дар мавҷи зиндагии пуртазод ҳифзи он қарзу фарзи ҳар яки мост. Аз рушди он ҷараёнҳое, ки метавонанд ин сарватро фурӯ баранд, тавре бояд истифода кард, ки он баръакс, муаррифгари фарҳанги мо ба ҷаҳониён гардад. Бигузор фарҳанги тоҷик — чун пештара фарҳанги ҷаҳонӣ шавад!
Нуралӣ Шоев,
Директори маркази эҷодии «Илҳом»

Февраль 8, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд