Ҳабси пешакии гумонбар дар куштори Азимов Зафархон
Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар робита ба куштори Азимов Зафархон, соли таваллудаш 1978, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки рӯзи 18.02.2016 дар назди боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт»-и шаҳри Душанбе рух дода буд, Мақсудов Обид Эмомович дастгир ва ҳабс карда шуд.
Аз ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гумонбаршуда Мақсудов Обид Эмомовичро падараш дастгир намуда, ихтиёран оварда, ба мақомоти корҳои дохилӣ супурд.
Айни замон аз рӯи ҳодисаи куштори шаҳрванд Азимов Зафархон аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе тафтишот идома дошта, дастгиршуда Мақсудов Обид дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки санаи 18-уми феврали соли равон ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе шаҳрванд Азимов Зафархон, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи кӯчаи Шамсии пойтахт, бо ҷароҳати корд дар қафаси сина оварда шуд. Номбурда дар натиҷаи ин ҷароҳат ҳалок гардид.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






