Ҳангоми санҷиши ИҶ «Тоҷикколхозсохтмон» 29,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳангоми санҷиши фаъолияти молиявии пудратчии генералӣ-Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон» дар сохтмони иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 29,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд ва барои рӯйпӯш намудани ҳолати ҷойдошта муовини директори иттиҳодияи мазкур Фирӯз Раҳмонов ҳангоми ба шахси мансабдори давлатӣ додани пора ба маблағи 448 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дастгир гардид.
Ин матлабро Аламхон Наимӣ, муовини аввали директории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.
«Дар фаъолияти Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии “Тоҷикколхозсохтмон» изофанависии корҳои сохтмонӣ ба маблағи 25,6 млн. сомонӣ, ширкатҳои сохтмонии «ПМК-278» 2,1 млн. сомонӣ, “Хонасоз-4” 274 ҳазор сомонӣ, “Жил-строй” 450 ҳазор сомонӣ, “Арал-Неру” 698 ҳазор сомонӣ ва “Саманд-2010” 383 ҳазор сомонӣ ошкор шуданд. Дар ҷараёни тафтиш 1 млн. 186,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 6 млн. 620 ҳазор сомонӣ ба корхона барқарор гардид»,- илова намуд А. Наимӣ.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






