Қарзи давлатии ИМА ба 19 триллион доллар расид, ки ба 103%-и ММД-и кишвар дар соли 2015 баробар аст

Февраль 4, 2016 10:29

Душанбе, 04.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 3-юми феврал нашрияи амрикоии «Washington Times» бо такя ба Вазорати молияи ИМА хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор 13,7 триллион долларро қарзи берунӣ ва боқимондаашро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.
Рӯзноманигорони Амрико ёдовар мешаванд, ки дар давоми раёсати Барак Обама қарзи давлатии ИМА 8,3 триллион доллар зиёд шуда, дар муқоиса ба давраи раёсати Ҷорҷ Буши хурдӣ ин рақам 4,9 триллион доллар афзудааст.
Бо вуҷуди ин, 19 триллион барои ИМА, гарчанде ки ин нишондод ба 103% -и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст, ҳадди ниҳоӣ нест. Тибқи пешгӯии коршиносон, дар давоми 10 соли оянда қарзи давлатии ин кишвар метавонад ба 30 триллион доллар расад.
Ёдовар мешавем, ки ММД-и ИМА барои соли 2015 дар ҳаҷми 19,6 триллион доллар ба нақша гирифта шуда буд, вале мувофиқи маълумоти вазорати молияи ИМА тавозуни қарз ба ММД 103%-ро ташкил дод, яъне дар охири сол ба кишвар қариб 1,2 триллион камомад шуд.
Бори нахуст қарзи давлатии ИМА соли 1981 ба триллион доллар расида буд. Аз он вақт ин ҷониб, қарзи ин кишвар мунтазам афзудан гирифт. Барои назорати афзоиши қарзи давлатии ИМА соли 1989 дар Манҳеттени Ню-Йорк ҳисобкунак насб карда шуд, ки дар вақти воқеӣ маблағи умумии қарзи давлатӣ ва таносуби миёнаи қарзро бар сари ҳар як оила нишон медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои соли 2015 қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар ба 27,9%-и ММД аст.
Ин нишондиҳанда шаҳодати рушди босуботи иқтисоди кишвар арзёбӣ мегардад.

Февраль 4, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд