Беш аз 12 ҳазор объект хусусӣ гардонида шуд
Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015-ум дар ҷумҳурӣ 201 иншооти ғайриманқул ва аз аввали хусусигардонӣ (соли 1991) то ҳоло 12 ҳазору 777иншоот хусусӣ гардонида шудаанд.
Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ ҳиссаи соҳаи савдо ва хўроки умумӣ аз аввали хусусигардонӣ 21,1 фоиз; ҳиссаи соҳаи саноат ва энергетика дар соли 2015-ум 3,0 фоиз ва аз аввали хусусигардонӣ 4,5 фоиз; мутобиқан кишоварзӣ — 50,2 фоиз ва 24,3 фоиз; сохтмон (бо назардошти сохтмони нотамом) — 2,0 фоиз ва аз аввали хусусигардонӣ 5,8 фоиз; нақлиёт ва алоқа — 4,0 фоиз ва 4,0 фоиз; хизматрасонии маишӣ — 12,9 фоиз ва 19,3 фоиз; дигар соҳаҳои иқтисодиёт — 27,9 фоиз ва 21,0 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи минтақаҳо дар хусусигардонии объектҳои хусусӣ гардонидашуда дар соли 2015 чунин аст: шаҳри Душанбе — 10,4 фоиз (аз аввали хусусигардонӣ 16,7 фоиз), вилояти Суғд — 53,2 фоиз (29,2 фоиз), вилояти Хатлон — 17,4 фоиз (31,5 фоиз), Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — 2,6 фоиз (2,5 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 16,4 фоиз (20,1 фоиз).








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






