БМТ: Тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ муътадил аст

Февраль 9, 2016 13:56

Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тайи чанд рӯзи охир дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ якчанд хабару гузоришҳо оид ба болоравии зиёди нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расиданд, ки агар бо истифода аз усули муқоисавӣ ва ҳатто аз рӯи инсоф онҳоро баҳогузорӣ кунем, муҳтавояшон аз воқеияти рӯз ва вазъи феълии нархҳои мавҷуда тафовути куллӣ доранд.
Дар робита ба гуфтаҳои боло, рӯ меорем ба далелу рақамҳои воқеӣ ва расмие, ки дар асоси нишондиҳандаҳои оморӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Тибқи маълумоти омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад.
Барои маълумот махсус зикр менамоем, ки кам ё паст шудани сатҳи таваррум яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва мусоидаткунанда барои таҳкими фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳои анҷомдодашуда исбот намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад.
Дар аввалин моҳи соли 2016 тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешавад, то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд. Зикр кардан зарур аст, ки дар айни замон тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои калонтарини минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Таҳлилҳо то 5 феврали соли равон нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нархи онҳо дар як зумра кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст.
Ҳамзамон дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоюли пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ доштанд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз намояндагони васоити ахбори омма рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳо хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳои бозорҳои кишвар ба нашр расонида истодаанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонанд, зеро дар шароити феълии бӯҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад.
Дар ин робита, аҳли эҷодро ба таъмини оромию таҳаммул, ки барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим мебошад, даъват менамоем, зеро дар назар аст, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол ояд.
Зикр намудан зарур аст, ки соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ бо мақсади пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулот тамоми имкониятҳои худро равона намуда истодааст.
Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум ва воридивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Барои мисол, дар соли 2015 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ зиёда аз 7,5 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он барои коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо буда, дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, имрӯз хеле хуб мебуд, агар дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем.

Февраль 9, 2016 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
Раёсат дар Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вогузор мегардад
Huawei — бозкушои боби нави консепсияи ULTIMATE DESIGN
Тақвияти ҳамкорӣ дар самти рушди IT паркҳо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият меёбад
Татбиқи самараноки лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ронандагон дар давраи зимистон эҳтиёткор бошанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ гардид
Дар Куала-Лумпур густариши муносибатҳои судманд байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои аъзои ИДМ машварат доир гардид