Боздиди гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз водии Бартанг

Февраль 29, 2016 17:53

Хоруғ, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯли Сарез дидан намуда, бо мардуми аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Ғудараи водии Бартанг мулоқот дошт. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам Ормон ва мутахассисони ин кумита, ҳамчунин роҳбари Барномаи башардӯстонаи ФОКУС дар Тоҷикистон ва мутахассиси соҳаи сейсмологӣ ва зилзиласанчӣ, инчунин роҳбарияти ВМКБ шомил буданд. Сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода оид ба бехатарии кӯли Сарез Қадамшо Маскав иттилоъ дод, ки ҳоло дар мавзеи кӯли Сарез ҳаво рӯзона 4- 5 дараҷа хунук мебошад. Шабона ҳаво 13- 15 дараҷа хунук мешавад. Тамоми кӯли Сарезро 35 см ях фаро гирифтааст. Обшавии пиряхҳое, ки дар қаторкӯҳҳои атрофи кӯл мавҷуд ҳастанд ва кӯли Сарез аз онҳо об мехӯрад, ба чашм намерасад. Кӯли Сарез дар ҳолати пештара қарор дорад. Низоми азназаргузаронии компютерӣ дар ин мавзеъ фаъолияти хуб дорад.
Ҳамчунин гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони деҳаи Ғудара мулоқот орост. Бояд гуфт, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ заррардидаи водӣ масолеҳи сохтмонӣ пурра дастрас гардида, бо гармтар гардидани ҳавои кӯҳистон бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ин деҳа ва дигар деҳаҳои водии Бартанг оғоз меёбад.

Февраль 29, 2016 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ