Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 10 кило маводи нашъадор

Февраль 2, 2016 12:01

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 1 январи соли равон дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе сокини 42-солаи ноҳияи Шӯрообод бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд.
Дар вақти кофтуков 1 килою 894 грамм маводи сахттаъсири героин ва 9 килою 082 грамм маводи нашъадори афюн, ки дар маҷмӯъ 10 килою 976 граммро ташкил дода, ба номбурда тааллуқ доштанд, дарёфт ва мусодира шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Февраль 2, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Таваҷҷуҳ! Насби таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ ва садо дар мошинҳои шахсӣ хилофи қонун аст
Дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон 100 фоиз зиёд карда шуд
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даври якуми таҳсил оғоз гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд
Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд