Гурезаи афғон ба Тоҷикистон 70 кило маводи мухаддир интиқол додааст
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар») -«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳар сол аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо килограмм маводи нашъадорро дарёфт ва мусодира карда, амалан ҳамчун сипар дар роҳи паҳншавии минбаъдаи маводи мухаддир ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо хизмат менамоянд», — омадааст дар хабари Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амниятии миллии кишвар дар хусуси бо маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят калон дастгир шудани гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ.
Дар натиҷаи тафтиши пешакӣ муайян гардидааст, ки шаҳрванди ҶИА «Ш.М.» (аз соли 1997 дар Тоҷикистон ҳамчун гуреза бо аҳли оилааш истиқомат мекунад), бо шаҳрванди Тоҷикистон «Ҷ.А.» — сокини муваққатии Душанбе ва дигарон барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додани маводи мухаддир созиши ҷиноятӣ бастаанд. Дар ин амали ҷиноятӣ ба «Ш.М.» ва «Ҷ.А.» қочоқбари афғон бо номи Шоиста кумак намудааст. Гурӯҳи мазкур бо роҳи қочоқ 113 бастаи махсус — зиёда аз 70 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ, бо истифода аз мавзеи сарҳадии Сайроб аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон гузаронид.
«Ҷ.А.» баъд аз гирифтани ин миқдор маводи мухаддир 23 бастаи онро ба воситаи мошини гурезаи афғон «Ш.М.» ва нафари ҳамроҳаш бо номи Ҷамшед ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. 9-уми феврали соли равон кормандони КДАМ шаҳрванди Тоҷикистон “Ҷ.А.” ва шаҳрванди Афғонистон “Ш.М.”-ро дастгир карда, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёт, аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 бастаи полиэтилениро ошкор ва мусодира карданд. Хулосаи ташхиси махсус муайян кард, ки дар бастаҳо 22 кило воситаҳои нашъадори ҳашиш ва чарс будааст.
Зимни идомаи чорабиниҳои иловагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз дохили як махфигоҳ, воқеъ дар деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ боз 90 бастаи махсусро бо 50 килограмм маводи мухаддир дарёфту мусодира намуданд. Вазни умумии воситаҳои нашъадори мусодирашудаи ҳашиш ва чарс, ки ба боздоштшудагон “Ш.М.” ва “Ҷ.А.” тааллуқ доштанд, дар маҷмуъ 72 килоро ташкил дод.
Ҳоло нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ ҷараён дорад.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






