Густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Британияи Кабир

Февраль 16, 2016 10:42

Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода бо вазири давлатии рушди байналмилалии (DFID) Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Десмонд Свейн ва мудири раёсати кишварҳои Осиё, Кариб ва кишварҳои Иттиҳоди бритониёии Вазорати рушди байналмилалӣ Ричард Монтгомер баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо дар атрофи корҳои анҷомдодаи муштарак дар самти барномаҳои дуҷониба ва минтақавии DFID, тарҳрезии фаъолияти минбаъда ва муайян кардани самтҳои афзалиятнок бо назардошти вазъи мавҷудаи иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодии байнидавлатӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Февраль 16, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд