Интернатсионализм- омили асосии мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, экстремизм ва тундгароии динӣ

Февраль 15, 2016 14:26

Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар боғи фароғатии ба номи А. Мироненкои шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи баромадани артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ВКД ҶТ ва собиқадорони Иттиҳоди интернатсионалистон иштирок намуда, дар назди нимпайкараи Александр Мироненко ба хотири шаҳидон гул гузоштанд.
Сипас дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (МД КМТ) дар мавзӯи «Интернатсионализм-таҷассумгари дӯстию осоиштагӣ, омили асосии мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, экстремизм ва тундгароии динӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар охир видеофилм бо номи «Афғонистон-Қиссаи модар», ки Ҷамъияти умумирусиягии «Российский Союз ветеранов Афганистана» (РСВА) омода намудааст, ба иштирокдорон намоиш дода шуд.

Февраль 15, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад