Кумаки молиявии Шоҳигарии Таиланд барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Бадахшон

Февраль 2, 2016 12:02

Душанбе, 2.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиие, ки соли гузашта дар ВМКБ ва дигар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон рух доданд, ҳукумати Шоҳигарии Таиланд тавассути Сафорати худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Остона кумаки фаврии молиявиро тақдим намуд. Маросими тақдими кумаки мазкур 30 январи соли 2016 дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода сипоси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳор намуд ва таъкид кард, ки кумаки тақдимшуда ҳамдилӣ ва равобити наздики мардумони ду кишвари дӯстро таҷассум мекунад ва барои рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Февраль 2, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст