Машварати миллӣ оид ба беҳтаркунии низоми назорати заҳрхимикатҳо
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 18 феврал дар пойтахти ҷумҳурӣ машварати миллӣ оид ба беҳтаркунии низоми назорати заҳрхимикатҳо бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФAO) баргузор мегардад.
Семинари мазкур бо мақсади баррасии натиҷаҳои омӯзиши ҳолати бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо дар ҷумҳурӣ ва муҳокимаи имконияти ҳалли масъала баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷамъомад беш аз 20 мутахассиси идораҳои дахлдори давлатӣ ва ҳамчунин ташкилоти байналхалқӣ, ки шарикони ФAO дар Тоҷикистон мебшанд, иштирок кунанд.
Ҳафиз Мӯминҷонов, мутахассиси ФAO дар соҳаи растанипарварӣ гуфт, ки дар чорчӯбаи лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ, ташкилот ба мамлакатҳои минтақа дар ҳалли масъалаи идораи заҳрхимикатҳо кумаки амалӣ мерасонад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ- ин ҷорӣ намудани усулҳои самараноки ҳимояи растанӣ ба шумор меравад, ки он меъёри истифодаи маводи кимиёвиро кам намуда, барои солимгардии муҳити зист шароит фароҳам меорад.
Дар семинар масъалаҳои танзими гардиши заҳрхимикатҳо, аз ҷумла, тартиби бақайдгирии онҳо, такмили қонунгузории соҳавӣ, ҳамчунин омодасозӣ ва нашри Феҳрасти заҳрхимикатҳо, ки истифодаи онҳо дар мамлакат иҷозат дода шудааст, муҳокима мешаванд.
“Дар айни замон, барои мубориза бо касаливу зараррасони кишоварзӣ воситаҳои гуногуни кимиёвӣ истифода мешаванд, ки бархе аз онҳо барои саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист хатари мутлақ дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ФAO барои кумаки техникӣ барои мукаммалсозии низоми бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо, муроҷиат намуд”, -изҳор дошт Виорел Гутсу, намояндаи ФAO дар Тоҷикистон.
Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи ФAO “Дастгирии техникӣ барои ҷорӣ намудани усулҳои самараноки зироати афзалиятнок ва дарахтони мевадор аз касаливу зарраррасонҳо” дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






