Мулоқоти Азим Иброҳим бо Даниал Ахмедов

Февраль 19, 2016 12:08

Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҳокими вилояти  Қазоқистони шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахмедов, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.

Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии ҳар ду давлат, ки дар доираи тадбирҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо фарогирии муҳокимаи муҳимтарин масоили ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тиҷорат, саноат, энергетика ва илму техника нимаи аввали соли равон баргузор мегардад.

Ҷонибҳо ҳамзамон барои роҳандозӣ кардани ҳамкории гуногунҷанба байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти  Қазоқистони шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор карданд.

 

Февраль 19, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад