Мулоқоти Азим Иброҳим бо Даниал Ахмедов
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҳокими вилояти Қазоқистони шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахмедов, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии ҳар ду давлат, ки дар доираи тадбирҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо фарогирии муҳокимаи муҳимтарин масоили ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тиҷорат, саноат, энергетика ва илму техника нимаи аввали соли равон баргузор мегардад.
Ҷонибҳо ҳамзамон барои роҳандозӣ кардани ҳамкории гуногунҷанба байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Қазоқистони шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор карданд.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






