Ҷ. Пиризода: Тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад
Душанбе, 3.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳоест, ки барои ҷумҳурии мо бениҳоят таъсирбахш маҳсуб мешавад. Мо онро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ мушоҳида карда истодааем. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир иқлими Тоҷикистон тағйир ёфта, бориши барфу борон кам шуда, омадани селу боришоти жола бештар ба назар мерасад. Чунин вазъ ба хоҷагии қишлоқ хисороти зиёд оварда, ба иқтисодиёти кишварамон таъсири манфӣ мерасонад»,-гуфт сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Ҷалил Пиризода имрӯз зимни муаррифии лоиҳаи «Механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, бо ин мақсад Пешвои миллат ва Ҳукумати ҶТ кӯшиш доранд таъсири ин омилҳои табииро, ки аз тағийрёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, ба воситаи ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ кам кунанд.
«Солҳои охир миқдори заминҳои алафдор, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 22 ҳазор гектар буданд, ба 17 ҳазор гектар расиданд. Сабаби ин набудани намӣ мебошад. Майдони чарогоҳҳо дар муддати беш аз 20 сол беш аз ҳазор гектар кам шуд, ки сабаби он ин деградатсияи заминҳо, шӯрашавӣ ва кам гаштани ҳосилнокии чарогоҳҳо мебошад. Кам гаштани ҳосилнокии замин ба соҳаи чорводорӣ таъсири манфӣ расонида истодааст»,-илова намуд Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ .
Ба гуфтаи Ҷ. Пиризода имрӯз заминаи хӯроки чорво кам шудааст. Аз ҳамин сабаб лоиҳаҳое, ки барои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон маблағ ворид мекунанд, барои беҳ гардонидани чарогоҳҳо, дастгирии деҳқонон, оберӣ, ҷалби технологияҳои инноватсионии камхарҷу каммасраф ва самаранокии иқтисодашон зиёд истифода мешаванд. «Ин имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар гашта, дигар омилҳои таъсиррасон ба маҳалҳо ҳимоя шаванд»,-илова намуд Ҷ. Пиризода.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), дар ҳамкорӣ бо Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ) хазинаҳои сармоягузориҳои иқлимӣ маросими ифтитоҳи расмии CLIMADAPT — «Механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро дар Тоҷикистон доир кард. Механизми CLIMADAPT ба дастгирии оилаҳои тоҷик, корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои паси сар намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастгирии гузариши кишвар ба иқтисоди «сабз» равона шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






