Санҷиш оид ба риояи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Қурғонтеппа бо мақсади риояи қонуни мазкур дар навиштаҷоти муассисаву ташкилот ва мағозаву дуконҳои ҳудуди шаҳр санҷиш гузаронид.
Комиссияи мазкур бо моликони мағозаву дуконҳо вохӯрда, номгузориву коргузорӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро таъкид намуда, дар кутоҳтарин муҳлат ислоҳи навиштаҷоти ғалату нодурусти ошкоргардидаро талаб намуд.