Сипосномаи мардуми ВМКБ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ

Февраль 2, 2016 14:38

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»).
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мо, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Шумо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ин минтақаи кӯҳистони кишвар сипосгузор буда, шукргузор аз онем, ки имрӯз дар Ватани ободу озод ва дар фазои орому осуда ҳаёт ба cap бурда истодаем.
Дар ин рӯзҳое, ки бар асари фаромадани сел мусибат ва хавфу хатар бар сари мардуми деҳаҳои Барсему Колхозобод ва Бердибекободи ноҳияи Шуғнон, шаҳри Хоруғу ноҳияҳои поёноби дарёи Ғунд омад, кулли мардуми вилоят як бори дигар шоҳиди бузургии пойдории Истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азиз, муттаҳидиву Ваҳдати миллӣ, неруву тавоноии дӯстии халқи тоҷику давлати Тоҷикистон гардид, ки ин таҳти роҳбарии хирадмандонаву дурандешонаи Шумо ба даст оварда шудааст.
Оне, ки дар лаҳзаҳои аввали рух додани офати табиӣ бо супориши  Шумо гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва дигар кормандони масъули вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд, мардумро дилгарм намуда, бовари онҳоро ба ояндаи неку дурахшон афзун гардонд.
Бо дастури Шумо аз ҳоли зарардидагони офати табиӣ хабар гирифтани гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ташкил намудани шаҳрчаи муваққатии хаймавӣ барои онҳо, таъмин намудани мардум бо маводи озуқаворӣ, доруворӣ ва ба зудӣ интихоб намудани мавзеъ ҷиҳати  бунёди шаҳраки нав барои зарардидагон бо тамоми инфрасохтори зарурӣ шаҳодати он аст, ки дар хақиқат дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои таъмини зиндагии шоиста барои ҳар шаҳрванд тадбирҳои амалӣ рӯи кор оварда мешаванд.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ҳамаи мардуми зарардидаи ноҳияи Шуғнон ва дар маҷмӯъ, тамоми сокинони вилоят дастгириҳои пайвастаи Шуморо нисбат ба рушди ин минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар эҳсос намуда, аз он сипосгузоранд ва Шуморо бовар мекунонанд, ки ба иғво ва фитнаангезии нафарон ва гурӯҳҳои алоҳидае, ки мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ баранду вазъи орому осудаи ҷомеаро халалдор созанд, дода нашуда, бо заҳмати аҳлона чун нишони пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Шумо даст ба амалҳои созанда мезананд, то дар ободонии як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Тамоми мардуми солимақл ва хайрандеши Бадахшон ифтихор доранд, ки Сарвари бахосияту хирадманд, нексиришту накӯкор ва дилсӯзу ғамхор доранд ва бовари комил дорем, ки мардуми босабру таҳаммули мо чун ҳарвақта ин имтиҳони тақдирро низ бо сарварии хирадмандонаву дастгирии хайрхоҳонаи Шумо паси cap хоҳад намуд.
Аз ин рӯ мардуми боимон ва шукргузори Бадахшон барои ҳамаи ғамхориҳои пешинаву имрӯзаатон ба Шумо изҳори эҳтиром ва сипоси бепоён намуда, ба даргоҳи Худои мутаол дуо мекунем, ки ҳамеша сарвару пешвои мо бошед.

 

Февраль 2, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд