Сохтмону барқарорсозии 15 иншоот ва 30 хонаи истиқоматӣ дар Фархор
Фархор, 01.02.2016 (АМИТ«Ховар»).- Раиси ноҳияи Фархор Раъно Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки дар соли 2015 дар ноҳия 28 иншооти хурду бузург аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 57 193,5 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Инчунин ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳия беҳтар гардида, ҳоло сохтмону барқарорсозӣ ва ободонию созандагӣ дар 15 иншооти гуногун, аз қабили филиали Бонки саҳомии «Тоҷпромбонк», бинои шуъбаи маориф, бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дорухонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи нафтӣ, дӯкону фурӯшгоҳҳои хурду бузург ва зиёда аз 30 хонаи истиқоматӣ идома дорад.