ВКД: Нишаст дар гирди гулхан

Февраль 1, 2016 11:48

Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, бо ташаббуси бевоситаи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони самти фаврӣ, огоҳонидани ҷавонон бо хатару таҳдидҳои замони муосир, ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар мубориза бо ҷинояткорӣ чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад, ки дар фазои кушоди шароити кӯҳсор, дар назди гулхан ба вуқӯъ пайваст, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони бахшҳои фаврии мақомот, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» иштирок карданд.
Рамазон Ҳамро дар мавриди огоҳии сиёсӣ доштан аз авзои ҷаҳон, хатари гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, аҳамияти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар пешбурди фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва зарурати мукаммал намудани он бо назардошти пешрафт ва дигаргуниҳо дар ҷомеаи имрӯза, ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд.
Вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеа, байни бахшҳои фаврии мақомоти қудратии кишвар, истифодаи имкониятҳои якдигар дар мубориза бо ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба, дастаҷамъона гирифтани пеши роҳи ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ аз иқдомҳои саривақтӣ ва зарурӣ мебошанд. Муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм полковники милитсия Каримҷон Солиев китоби «Тавсияи амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» ва қисми махсуси китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» — ро, ки муаллифи он номзади илми ҳуқуқ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мебошад, муаррифӣ намуда, оид ба мазмуну мундариҷаи он мухтасар маълумот дод. Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Исозода Набиҷон Исо, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Ҳафиззода Шодӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни амалисозии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадору аслиҳа сухан гуфт. Барои бо муваффақият ошкор кардани ҷиноятҳои мазкур, пайдо намудани далелҳои раднашаванда бо парвандаҳои ҷиноятӣ,таҳияи механизми боз ҳам пурзӯри роҳҳои мубориза бо ин гунна зуҳуроти номатлуб ва манбаи хуби меъёрҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ амнияти на танҳо як кишвар, балки аксарияти давлатҳои оламро халалдор менамоянд, ҷавонони зиёдеро гумроҳ сохта, мардумро ба гирдоби даргирию қатлу куштор, қашшоқию парешонӣ меоранд. Бинобар ин, бояд ҳар як ҷавони худогоҳи кишвари азизамон аз кирдорҳои ғайриинсонӣ ва оқибати фоҷиабори чунин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таърихи пайдоиш ва ҳадафи онҳо огоҳӣ дошта бошад ва пеши роҳи тарғиби ҳар гуна ақидаҳои ифротиро гирифта тавонад.

Февраль 1, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд