4 медал аз олимпиадаи байналмилалии «Роҳи Абрешим»
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии «Роҳи Абрешим» аз фанни математика дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ иттилоъ дод, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар як вақт барои хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ шароити муносиб фароҳам оварда шуд, ки аз тариқи онлайн дар иҷрои шартҳои олимпиадаи мазкур зиёда аз 50 нафар иштирок варзида, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гарданд.
Хонандагони тоҷик аз аввали соли 2016 то имрўз 48 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 6 медал тилло, 10 медал нуқра ва 32 медал биринҷӣ мебошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






